IQNA

Мушорикати бахши гул ва гиёҳи остони Ҳусайнӣ дар ҷашнвораи байналмилалии Бағдод + филм

21:21 - April 23, 2024
рақами хабар: 1404
ИКНА - Бахши гул ва гиёҳи остони муқаддаси Ҳусайнӣ дар сездаҳумин ҷашнвораи байналмилалии гул ва гиёҳ, ки дар Бағдод дар ҳоли баргузорӣ аст, ширкат кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии остони муқаддаси Ҳусайнӣ, бахши гул ва гиёҳи остони муқаддаси Ҳусайнӣ аз ширкат дар сездаҳумин ҷашнвораи байналмилалии гул ва гиёҳи Бағдод хабар дод. Ин намоишгоҳ дар бӯстони Ал-Зуроъӣ Бағдод баргузор шудааст.

Масъули бахши гул ва гиёҳ остони муқаддаси Ҳусайнӣ дар ин бора изҳор кард: бахши гул ва гиёҳи остони муқаддас Ҳусайнӣ пас аз касби рутбаи аввал дар 10 намоишгоҳи пешин, барои ёздаҳумин соли мутаволӣ дар ин ҷашнвора ширкат кардааст.

Ваҳҳоб Ал-Ҳар афзуд: кайфияти арзаи гул ва гиёҳи остони муқаддаси Ҳусайнӣ дар ин ҷашнвора бо солҳои гузашта мутафовит аст. Ҳазорон навъ аз анвоъи гулҳое, ки дар гулхонаҳои остони муқаддаси Ҳусайнӣ парвариши меёбанд, дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта шудааст. Гурфаи остони муқаддаси Ҳусайнӣ дар ин ҷашнвора мавриди истиқболи беназири ҳамаи боздидкунндагон қарор гирифтааст.

Бахши гул ва гиёҳи остони муқаддаси Ҳусайнӣ дар 10 соли гузашта рутбаи аввалро ба худ ихтисос додааст.

код

https://iqna.ir/fa/news/4211854

captcha